БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА СОҲАҲОИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ АФЗАЛИЯТ ДОДА МЕШАВАД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозда Ватан, узви гурӯҳи тарғиботии шаҳрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинихоботии номзад ба мансаби Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ғафуров Музаффар дар толори Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир гардид.

Нахуст, Асадуллозода Ватан ба сухан баромада, доир ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз худ намудани илму дониш, техника ва технологияи навин, мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, дастгирии пешниҳоду ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон сухан гуфта, иброз дошт, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба масъалаи кор бо ҷавонон таваҷҷуҳи махсусро равона намудааст. Ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ чандин барномаву консепсия, қонуну қарорҳо дар ин самт ба имзо расида, дар Кумитаи кор бо ҷавонон, стипендия ва квотаҳои Президентӣ таъсис ёфтанд. Шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби ҷавонон рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд. Ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя ва эътимоди калон доранд

Сипас, Музаффар Ғафуров Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда,  таъкид дошт, ки номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Барномаи пешазинтихоботии худ ба масъалаи шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, амалӣ намудани  ҳадафҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст.

Дар охир чанде аз ҷавонон бо қироати порчаҳои шеърӣ дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро нисбати номзади пешбаринамудани номзади арзанда аз ҲХДТ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg