Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи Суюнободи Ҷамоати деҳоти Фрунзе вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби корманди ҳизбӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботӣ барои 7 соли ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дар назардошти дурнамои 7 соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.