БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тариботии назди Кумитаи иҷроия бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус дар ҳудуди деҳаи Айнии Ҷамоати деҳоти Ҳалевард вохӯрӣ баргузор намуданд.

Асоев Хизридин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар баромади хеш иброз дошт, ки номзади аз ҷониби ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда воқеан ҳам номзади арзанда мебошад ва Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” қабул гардида, дар  он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаро гирифтааст.

Дар охир мавсуф аз иштирокдорон даъват намуд, ки 11 октябри соли 2020 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд, зеро овози ҳар як сокини кишвар ҳалкунанда ва муҳим аст. Дар фарҷоми суҳбат қайд карда шуд,ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, аз ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд, ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, чунки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg