БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мактаб даргоҳи муқаддас ва омӯзгор шахси мӯътабар аст!

ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исмоил Гадоев бо аҳли омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Исмоил Гадоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар назди ҷамъомадагон баромад карда,  дар бораи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев оид ба риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва дар замири онҳо ҷо намудани ҳисси миллӣ андешаронӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ омӯзгори Литсейи касбӣ-техникии ноҳия П. Абдураҳимов аз омӯзгорону донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дастовардҳои солҳои Истиқлолиятро  дар маҳаллаю деҳаҳо ташвиқу тарғиб намоянд.

Дар охир директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳия Ғашов Исмоил ваъда дод, ки  мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб камари ҳиммат баста,  аз ҳисоби донишҷӯёну омӯзгорони беҳтарин сафи ҲХДТ-ро зиёд  менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg