БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ФАРЗАНДОНАМОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои  гурӯҳи  таблиғотии  назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   ва аъзои зергурӯҳҳои  ҳудуди  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  дар  деҳаи  20-  солагии  Истиқлолият  бо   усули  «хона  ба  хона» бо    интихобкунандагон  суҳбату  мулоқотҳо  баргузор  намуданд.

Аъзои  гурӯҳи   тарғиботӣ ва  ҳамчунин  зергурӯҳҳо  ба  интихобкунандагон  иттиллоъ  доданд, ки иштирок  дар  интихобот  ҷузъи  таркибии  ҳуқуқи  конститутсионии  ҳар  як шахс  аст ва интихоби дурусти мо  омили  рушди ояндаи дурахшони  кишварамон, наслҳои  ояндаамон ва зиндагии  шоистаи  мардум  мебошад.

Сипас, ҳамоҳангсози  гурӯҳи  таблиғотӣ  кормандони  Кумитаи  иҷроия    оид ба  Барномаи  пешазинтихоботии  номзад ба  мансаби  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  сухан гуфта,  зикр карданд, ки  Пешвои  миллат  бо  ташаббускориҳои  наҷиби  худ дар  сатҳи   оливу  ҷаҳонӣ бо   иродаву  нерӯмандии  худ намунаи  ибрат  мебошанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg