ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор карданд.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳивии ҳизб Сайдалиев Гадоӣ оид ба мансаби Президентӣ пешбарӣ гардидани Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаҳолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем.