БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ НИШОНА АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДОН АСТ

ВОКУНИШ. Иштироки ҳар як шаҳрванд, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ буда, ин саҳмгузорӣ дар давлати навбунёди Тоҷикистон, садоқат ба Ватан, миллат, давлат, эҳтиром ба қонун, қонуният, бунёди ояндаи уствори хеш ва аҳли оилаи худ, эътирофи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳамқадамӣ дар рушди давлати миллӣ ва адои қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонӣ буда, бояд донист, ки иштироки ҳар нафари ба синни 18 расида дар интихобот муҳим аст ва ҳамчунин бояд бори дигар такрор намуд, ки ин қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад. Ҳар як шахс, бояд худ ба участкаи интихоботӣ рафта овоз диҳад мумкин нест, ки як нафар ба ҷои чанд нафар дигар овоз диҳад. Ба ҳамин хотир, бояд ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар маъракаи интихоботро бе ягон қонуншиканӣ иҷро намуда, бояд мо садоқати худ, дастгирии сиёсати давлат ва ҷонибдории пешрафти мамлакатро дар рӯзи интихотоб нишон диҳем.

Имрӯзҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз наздик мешавад, шахсоне, ки бо маблағҳои нафароне, ки намехоҳанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳлу ваҳдат доимӣ пойдевораш устувор бошад, дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромадҳои иғвоангез намуда, ба фикри беақлонаи худ мардумро ба иғво меандозанд. Ман ба ин хоинон  ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ҳайрон мешавам, ки ин ҳама гапи пучу бекори бадтинатону бадсириштон ба ки лозим, албатта ин ҳама баромадҳои ғайриақлонаи бадзотон танҳо ба хоҷагоне, аз берун ба онҳо маблағгузорӣ мекунад лозим мешаваду халос.

Ман ҳамчун як ҷавон, сокини ноҳияи Кӯшониён ба ҷавононе, ки барои муҳоҷират ё идомаи таҳсил дар хориҷа, хуллас барои кадом коре, ки набошад дар хориҷи кишвар қарор доранд, ба ин гурӯҳҳо бовар накунанд, чунки Ватани тинҷу ором дорем, мо нагузорем, ки ҳар нохалафе ба ин Ватани биҳиштосо чашм ало кунад. Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдори давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошад, барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯ ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бар  зидди  ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва радикалӣ муборизаи беамон баранд.

Ба мо ҳамагон маълум аст, ки ин Истиқлолияте, ки дар Ватани азизи мо ҳукумрон аст, ба осонӣ ба даст наомадааст мо мардуми тоҷик бояд донем, ки соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи таърихиест, ки мардуми моро насиб гаштааст. Дар ҷомеае, ки имрӯз умр ба сар мебарем моро мебояд, ки бо рафтору одоби намунавии худ ба омӯзиши илмҳои муосир рӯ орем. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад, як марҳилаи сифатан нав дар пешрафти худшиносии миллиамон гардида, моро ба сӯйи созандагӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Мо бояд шукри сулҳу ободии Ватан намоему вақти қимати худро ба манфиати миллат сарф намоем.

Мо ҷавонон тамоми амалҳои ноҷавонмардонаи Кабириву аъзои ташкилоти террористӣ -экстримистии ҳизби ифлоси наҳзатро маҳкум намуда, барои рушди корҳои созандагӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистон, рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ ба ҷонибдории арзандатарин ва фарзонатарин фарзанди барӯманди миллат-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем.

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg