БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕСТ БОД ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК!

ВОКУНИШ. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар майдони сиёсат гурӯҳҳои тундраву характери террористӣ экстеремистидошта ворид шуданду ба сари халқу миллати тоҷик хоку хун рехтанд.

Мардумро фиреб дода, ба доми худ кашиданд ва ба ҷангу нобудӣ мубаддал карданд. Ин авомфиребон бо ғояҳои ҷанобони хориҷии худ фаъолият мебурданд, ки дар натиҷаи ин рафтори террористӣ - экстеремистии худ ҳазорон шаҳрвандро қатл ва сайди сиёсати нопоки худ қарор доданд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардуми шарифу  заҳматкашидаи  миллати тоҷик  тавонист аз ҳамаи ин нобасомониҳо  бо муборизаҳои шадиди ҷонӣ миллату халқи хешро ҳифз ва амнияташонро устувор гардонд. Аз ҷурми тарафайн гузашт карда, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд ва дар сари як дастархон нишаста оши оштиву дӯстӣ тановул намуданд. Аммо ин хоинону бегонапарастон қадри нону намаки мардумро поси хотир накарда, боз аз сари нав ба хоҷагони худ хизматро пешаи мувофиқ донистанд. Бархе аз ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба доми худ кашиданд ва оқибат ба муқобили халқу миллат барои ҷангидан  роҳсипор карданд.

Ин хиёнаткорон, ки дар зери фишори хоҷагони хориҷии худ қарор гирифтаанд, мехоҳанд бори дигар бо фаъолияти террористӣ - экстеремистии худ фазои орому осудаи Ватану миллатро ноором созанд. Ин ғуломтабиатҳо ғуломиро аз озодӣ авлотар дониста, мехоҳанд боз мардумро ба куштору ғорат ва ҷанг даъват намоянд. Зеро ғулом қобилияти фикри худро надорад, соҳибаш чигуна амр намояд онро иҷро мекунад. Маҳз ТЭТ ҲНИ ва муридони онҳо нияти  аз байн бурдани Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  доранд. Бо ақидаи ифротии худ афродеро ба доми гумроҳӣ кашида, онҳоро аз роҳу равиши зиндагии осудаи худ монданд. Бахше аз аъзои худро бо рафтори террористӣ - экстеремистӣ ба қатл расондаанд ва ними дигари онҳоро ба муҳлатҳои гуногун ба ҳабс кашиданд.

Акнун худро қаҳрамон пиндошта аз хориҷи мамлакат садо баланд мекунанд. Ҳамчун иғвогар бо мақсадҳои ғаразнокашон мехоҳанд ҷомеаи моро вайрон кунанд. Лек мо халқи тоҷик бар зидди ин тоифа хоинон сар мебарорем ва бо як овоз мегӯем, ки кӯр бод чашми душманони Тоҷикистон!

Мо шаҳрвандони ин сарзамин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайравӣ намуда, барои боз ҳам гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз кӯшиш мекунем.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg