ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11октябри соли 2020 баргузор мегардад, вохурӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯри Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён вобаста ба муҳтавои Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботӣ дарпешистода суҳбат намуда, гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад ва раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби бонуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил додааст ва ба сифати ташкилоти сиёсию ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.