ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз аъзои Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ ва гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Донашикан бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир карданд.
Дар мулоқоти мазкур намояндагони ҳизбӣ вобаста ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба таври муфассалу возеҳ андешаронӣ карда, интихобкунандагонро даъват карданд, ки барои боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азизамон- Тоҷикистон ба номзади арзандаи ҲХДТ дар рӯзи интихобот, ки санаи 11- уми октябри соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ доир мегардад, фаъолона иштирок намоянд ва раъйи ҳудро диҳанд.