БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ - НИШОНАИ РУШДИ ДЕМОКРАТИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

ДАНҒАРА. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба  тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар  деҳаи Зулоли Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф  бо сокинон ва шахсоне, ки дар интихобот бори аввал ширкат меварзанд аз наздик мулоқот доир намуданд.

Зимни баргузории мулоқот намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Камолиддинзода Ҷомӣ баромад намуда, қайд кард, ки маъракаи интихоботӣ дар кишвари азизамон - Тоҷикистон низ бо риояи пурра ва бечунучарои принсипҳои демократӣ ва меъёрҳои қонунгузории дахлдор, ки аз Конститутсия маншаъ мегирад, саннаи 11  октябр соли 2020 баргузор карда мешавад. Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд интихоботро ба таври шаффофу воқеъбинона ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ  доир гардидани он низ саъю кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg