БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳонидани мардум аз ҳадафҳои нопоки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ вазифаи аслии ҲХДТ

ФАРХОР. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тақвият додани робита бо мардум ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, бо сокинони деҳаи Некманзари ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ суханронӣ карда, ёдовар шуданд, ки имрӯз Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз рушд карда, ободу шукуфон гашта истодааст.

Аммо боиси таасуф аст, ки на ҳама аз ин ободиву пешрафт қаноатманд мебошанд. Шуморае аз сокинони кишварамон хориҷ аз кишвар ба сӯйи мо санг мезананд ва аз ин пешрафту тараққиёти кишвар изҳори нодидагӣ мекунанд.

Сарпарастону миссионерҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, равияи Салафия, ДОИШ, ки  шаҳрвандони аз худ ноогаҳу торикбинро ба ҳар роҳу усулҳо ба сӯйи худ кашида, онҳоро васеъ ба манфиати хеш истифода мебаранд.

Чунин ташкилотҳои террористию ифротгаро ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, мо низ ба ин мақсад омадем, ки мардумро аз ҳадафҳои нопоки онҳо огоҳ намоем ва бар зидди онҳо мубориза барем. Дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳем ва робитаро бо мардум тақвият дода, халқро зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид созем.

Ҳамчунин, дар маҷлис аъзои фаъоли ҲХДТ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 Мирзозода Муҳаммадхоҷа баромад намуда, қайд кард, ки шукру сипоси беандоза ба Сарвари давлат ва Пешвои миллат, ки барои мо тоҷикон сулҳ овард ва миллати тоҷикро ҳамчун, миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг муаррифӣ кардаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg