ТЕМУРМАЛИК. Ҳадафи асосии вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Садбарги Абдураҳим ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Абдуллоев Эмомалӣ бо кормандони Сабти Асноди Ҳолати Шаҳрвандии ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин шарҳу тавзеҳи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-майи соли 2018 бармеояд буд.
Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12-майи соли 2018 бармеояд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонида дод.
Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид кормандони САҲШ Шоиброҳимова Раҳима ва Асоева Саодат андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш карданд, ки бо қабули 3 нафар кормандони муассиса ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ ташкил карда шавад.