ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Пушинг, деҳаи Дилнишин аъзои Ситоди ноҳиявӣ ва узви гурӯҳи таблиғотчиён дар доираи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо и интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин дар баромад вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии оддӣ набуда, дар ҳаёти ҷомеа нақш ва таъсири муҳим дорад. Дар ин маърака на танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад, балки роҳҳои рушди давлат ва ҷомеа дар ҳафт соли оянда низ пешбинӣ карда мешавад.