ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки васеи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва аъзои гурӯҳи таблиғотии ноҳияи Данғара дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 бо сокинони деҳаҳои Дурахшон, Меҳргон, Шоҳаншоҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф вобаста ба муарифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот ба сокинон Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулин ба таври муфассал тарғибу ташвиқ карда шуда, аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ободию пешравии кишварамон, ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат дар соҳаҳои мухталифи кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, ба номзади арзандаи хеш, ки имрӯз бо талошу заҳматҳои он Тоҷикистони моро дар тамоми дунё мешиносанд ва эътирофаш мекунанд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем, то ояндаи Тоҷикистонро аз ин ҳам хубтару беҳтар ва дурахшонтар бинем.