ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ аз тарафи таблиғотчиёни ноҳия дар деҳаи Булёни Поёни Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни сокинони деҳа ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмаҳмад ба сухан баромада, иброз намуд, ки интихобот раванди иштироки озоду баробари шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии давлат ба ҳисоб рафта, ҳар як интихобкунанда ҳуқуқи ихтиёран дар маъракаи овоздиҳӣ ширкат варзиданро дорад.