БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДИ ХХДТ- НОМЗАДИ АРЗАНДА АСТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза тибқи нақшаю чорабиниҳои гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардида истодааст.

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим вохӯрии судманд дар деҳаи Бандари  Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раисони маҳаллаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Ҷамоат иштирок ва суханронӣ намуданд.Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдорӣ нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон баён гардида, онҳо иброз доштанд, ки рӯзи 11 октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон овоз медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg