БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ ДАР МАҲАЛ ТАРҒИБ ГАРДИДА ИСТОДААСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Меҳробод 1-и Ҷамоати деҳоти Гулистон бо интихобкунандагон ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ аз Барномаи мазкур иқтибос оварда, қайд намуд, ки дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё созем.

Ҳамзамон, сокинон иброз намуданд, ки барои рушду нумӯи кишвари азизамон ва барои зиндагии орому осоиштаи хеш ба номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg