БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ СОҲИБИ БИНОИ МАЪМУРӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳоии миллӣ. Бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.

Бинои нав иборат аз се ошёна буда, дорои  7 утоқи корӣ барои кормандон, 1-ҳуҷра барои қабулгоҳи ҷамъиятӣ, 1 толор барои маҷлис, 2 ҳуҷра барои меҳмонхона, 1 ҳуҷра барои ошхона, 1 ҳуҷраи ташноб, 1толори хурд ва 1 ҳуҷра барои китобхона  мебошад. Тамоми утоқҳои корӣ, толору ҳуҷраҳо бо  ашёи корӣ  ва таҷҳизотҳои нав таъмин карда шудааст. Масоҳати умумии бино 495 метри мураббаъро ташкил медиҳад.  Сохтмони бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ санаи 1.01.2018 бо  дастгирии соҳибкорон, аъзои ҳизб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо шурӯъ карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки бинои мазкур бо дастгирии Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор  вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ сохта ба истифода дода шуд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои сохтмони бинои нави маъмурӣ ба нафароне, ки дар сохтмони бино саҳм гузоштаанд,  изҳори сипос баён менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg