БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ХУДРО ҶОНИБДОРӢ МЕНАМОЕМ

ВАХШ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии  назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов бо сокинони деҳаи МОПРИ Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни баромад Одилҷон Маҳмадов  оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус 7 соли охир аз соли 2013 то 2020 суханронӣ карда, қайд намуд, ки маҳз бо сарварии Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии кишвар- истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ҳаллу фасл гардид. Пешвои миллат дар баробари бузургтарин чеҳраи сиёсии ҷаҳон, инчунин марди  кордону  боирода тавонист дар таърихи  наонқадар  таърихӣ тӯлонӣ Тоҷикистонро миёни дигар давлаттҳои абарқудтар бо фарҳангу  дастовардҳои беназираш мураррифӣ созад. Мо шаҳрвандони худогоҳу ватандӯстро мебояд   ба  қадри заҳмату талошҳои  Пешвои миллат расида, дар рӯзи интихобот  ба номзадии  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  раъй диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg