ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш мавриди истифода қарор дода шуда, бино дорои маҷлисгоҳ, китобхона, утоқҳои корӣ бо тарҳи наву замонавӣ ва бо лавозимоти зарурӣ таҷҳизоҳонида шудааст.
Саҳни ҳавлии бинои мазкур бо нишастгоҳҳои зебою замонавӣ ва бо гулҳои рангоранг ороишӣ оро дода шудааст, ки барои гаштугузор ва истироҳати сокинон басо мусоид мебошад. Мо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз дастгириҳои Раиси муззами ҳизбамон ифтихор дорем ва баҳри рушди босуботи кишвари азизамон каммари ҳиммат бастаем. Ҳадафи мо ҳизбиён рушду пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум аст.