БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

БОХТАР.  Дирӯз дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи мазкур вохӯрӣ дар мавзӯи “Интихобот ва ҷавонон” доир гардид.

Нахуст, Асадуллозода Ватан суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои интихоботи дарпешистода, иштироки ҷавонон дар интихобот, дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ибрози назар карда, гуфт, ки ҲХДТ ва махсусан Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода, ҳамеша ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ мекунанд. Дар доираи татбиқи Барномаи пешазинтихоботии соли 2013 - 2020 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намудаанд.

Дар идома Саидшо  Асроров мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон андешаронӣ намуда, доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал  дод. Сипас, чанд тан аз донишҷӯён ба сухан баромада, иброз дошанд, ки онҳо ҳарамӯза дастгирии давлат ва хусусан дастгирии Пешвои миллатро эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу давлати тоҷикон хизмат карда, пайравони аслии Пешвои миллат будааншонро исбот намоянд.

Дар охир Асадуллозода Ватан ҳама он нафароне, ки имсол дар интихобот бори аввал иштирок мекунанд, табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки овози ҳар яки онҳо барои ояндаи гулгулшукуфоии Тоҷикистон муҳиму ҳалкунанда аст. Аз ин рӯ, даъват карда шуд, ки онҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg