БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҶОНИБДОРИИ НОМЗАДИ АРЗАНДА ОВОЗ МЕДИҲЕМ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотӣ, аъзои  Ситоди ноҳиявии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  иштирок намуда, нуктаҳои Барономаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саҳми интихобкунандагон расониданд.
Зимни ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ  Зоирзода Маърифат баромада намуда, оид ба дастовардҳои соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустии  кишавар дар замони давлатдории навин сухан гуфта, иброз дошт, ки соҳаҳои мазкур аз аввали ба даст омадани Истиқлоли кишвар дар мадди назари Сарвари муззами миллатамон қарор дошта, то имрӯз корҳои бузурге дар ин самт амалӣ гардидааст.

Дар вохӯрии мазкур зикр гардид, ки шаҳрвандони кишвар бояд дар интихобот ба ҷонибдории номзади арзандаи хеш овоз дода, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон саҳми худро гузоранд.
 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg