БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории назди Кумита ҷиҳати пурзӯр гардонидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо оид ба пешгирии бемории сироятии короновирус дар деҳаи Сари Мазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев миёни сокинон суҳбату вохӯрӣ баргузор карданд.
Зимни вохӯрӣ иброз карда шуд, ки барои ҳаматарафа пешгирӣ намудан хуруҷи дубораи бемории сироятии коронавирус мо гурӯҳҳои корӣ оид ба пешгирии бемории сироятии короновирус зарур аст, ки миёни тамоми табақаҳои ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр карда, каме ҳам бошад дар нигоҳдошти солимии миллат ва давлат ҳиссагузорӣ намоем.
Ҳамчунин, ба ҳама аъзои гурӯҳи корӣ дастур дода шуд, ки санҷишу корбариро дар ин самт зиёд ба роҳ монда, таблиғу ташвиқгари тарзи ҳаёти солим миёни сокинони ноҳия буда, онҳоро аз сироятёбии бемориҳои сироятӣ дар давраи тирамоҳу замистони соли равон эмин нигаҳ дорем.