ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаҳои Шаҳбур ва Каромати Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шариф бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60 бо истиқоматкунандагони деҳаҳои номбурда мулоқот баргузор намуданд.
Дар мулоқот аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Сафарзода Сироҷидин баромад намуда, вобаста ба баргузории рафти интихобот маслиҳатҳои муфид доданд. Сипас, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорон ба тарзи муфассал шарҳу тавзеҳ дода, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки иштироки ҳар яки шумо дар интихобот муҳим мебошад.