ПАНҶ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дарбар гирифта, дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум муайян намудааст.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳизбиён аз он иборат аст, ки шарҳу тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври фарогир ба роҳ монда, халқро ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаву ободкор барои иҷрои ҳадафҳои муайяншуда сафарбар намоянд.
Барои татбиқи вазифаҳои муҳими сиёсӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия дар деҳаи Тугаланги ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо сокинон мулоқот баргузор намуданд.
Яке аз масъалаҳое, ки дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Аз ҷумла, масъулин дар баромад оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки рӯзи 4 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ширкат варзиданд, баргузор гардид, суханронӣ намуд. Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Конфронс иштирок ва маърӯза карданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз падидаи номалуби ҷомеа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки беш аз 100 кишвари олам ҳадафи терроризму экстремизм қарор гирифта, ба амалҳои харобиовар, қурбон гаштани ҳазор ғайринизомӣ, бе хонаву дар мондани миллионҳо нафар, расидани зиёни иқтисодӣ ба мамлакатҳои ҷангзада оварда расонидааст. Бо назардошти ин воқеияти рӯз ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар минтақа ва ҷаҳон мубориза бурда, мебояд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати тадбирҳои муштарак чораандешӣ намояд.
Ҳамзамон, даъват ба амал оварда шуд, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби хусусияти террористиву экстремистдошта ва падидаҳои иҷтимоии ба онҳо мусоидаткунанда мубориза баранд.