БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚ СОҲИБИХТИЁРИРО ТАВАССУТИ ИНТИХОБОТ АМАЛӢ МЕСОЗАД!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Вобаста ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и деҳаи Истиқлоли  Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов вохӯрии таблиғотчиёни Кумитаи иҷроия бо интихобкунандагон доир гардид.

Зимнан, қайд гардид, ки мо дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, ки пешрафту шукуфоӣ, тинҷиву оромӣ аз сатҳи чигунагии сурат гирифтани он вобастагии калон дорад, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Халқ довари бузург ва ҳақгӯе аст, ки  то кадом андоза ҳадафҳои Барномавӣ дар амал татбиқ шуданд, таҳлилу баррасӣ мекунанд. Дар ҷаҳони муосир интихобот шакли асосӣ ва зарурии зуҳури шаҳрвандон ба сифати манбаи ҳокимият ва истиқлолият мебошад. Шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амал фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд.

Интихоботи ошкорову озодона ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун барпокардаи давлат воситаи асосии амалӣ гардонидани соҳиб­ихтиёрии халқ буда, ҳамеша бо иштироки бевоситаи халқ амалӣ карда мешавад ва халқ соҳибихтиёриро тавассути интихобот амалӣ месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg