БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ҲХДТ МАРОМИ МОСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Каҷкамари Ҷамоати деҳоти Ифтихор суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Дар ин мулоқотҳо намояндагон дастовардҳои даврони истиқлолияти кишвар ва дастовардҳои даврони роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти иқтисодию иҷтимоии кишвар баён намуда, мардумро барои вусъати корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкории диёр, тарбияи наврасону ҷавонон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва пиронсолон даъват намуда, мазмуну муҳтаво ва нақшаю тадбирҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2027, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбинӣ гардидааст, ба саҳми сокинон расониданд.

Инчунин, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар ин вохӯриҳо бо ҷавонон суҳбат гузаронида, онҳоро барои дар ин даъвати тирамоҳӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан дастуру тавсияҳо доданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg