БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ШАҲРВАНДОН ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИЮ ҲУҚУҚБУНЁД НАЗАРРАС АСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти таблиғи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монданд.

Масъулин дар раванди мулоқотҳо бо мардум оид ба нишондиҳандаҳои тараққиёти рушди иктисодию иҷтимоии мамлакат давоми солҳои истиқлолии кишвар ва давоми солҳои 2013-2020 ба мардум бо мисолҳои мушаххас баён намуда, амалу тадбирҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки то соли 2027 ба нақша гирифта шудаанд, ба маълумоти сокинон расонидаанд.

Намояндагони гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ миёни аҳолӣ оид ба иштироки оммавияти мардум дар интихобот, бори дигар саҳм гузоштани шаҳрвандон дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ дар раванди интихобот  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, сокинонро ба вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагии диёр, даъвати ҷавонони синну соли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва ба маҳкум кардани мухолифини давлати маҳбубамон, ки ободии Ватанро намехоҳанд, даъват намуданд.        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg