БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба накшаи корӣ гурӯҳи тарғиботӣ дар деҳаи Пахтакорӣ Ҷамоати деҳоти Қумсангир бо интихобкунандагон атрофи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулин зимни баромадҳои хеш оид ба  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентӣ муфассал суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷавонон ва кор бо ҷавонон мавқеи махсусро дорост. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами худ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот бо як масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок намуда,  ҷиҳати рушди босуботи кишвар ва ободии давлат якдилона ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg