БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ ДУРУСТИ ОЯНДАИ ХЕШРО ИНТИХОБ МЕНАМОЕМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза тибқи нақшаю чорабиниҳои гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар деҳаи Шар-Шари Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод вохӯрӣ баргузор гардида истодааст.

Намояндагони ҳизбӣ дар  суҳбат вобаста ба муҳтавои Барноммаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эммомалӣ Раҳмон, пешрафту тараққиёти Ватан, таъмини зиндагии шоиста ба шаҳрванд, ки ин ҳама аз заҳмату кӯшишҳои Роҳбари давлатт маншаъ мегиранд, андешаронӣ карда, сокинонро барои интихоби номзади арзандаӣ ҲХДТ раҳнамоӣ карданд.

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён изҳори миннатдорӣ нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  карда шуда, онҳо иброз доштанд, ки рӯзи 11 октябри соли равон ҳама якҷоя дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд.

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg