БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ НИШОНДИҲАНДАҲОИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ ИЗҲОРИ ҚАНОАТМАНДӢ НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳҳои таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҷиҳати ба мардум расонидани  моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаву маҳаллаҳои ба онҳо вобастакардашуда  дар ҳар се шакл - дар толору маҷлисгоҳ , дар саҳро ва ба таври “хона ба хона” корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бурданд.

Интихобкунандагон баъди шинос шудан аз  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки дар асоси нишондоди Барномаи мазкур дар  ҳафт соли оянда дар пешрафту тараққиёти мамлакат, аз ҷумла иқтисодиёт,  саноат, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, зисту зиндагии мардум дигаргуниҳои азим ба амал меояд. 

Дар ин рӯз таблиғотчиён  6 суҳбату вохӯрӣ дар толору маҷлисгоҳҳо, 12 мулоқоту вохӯриҳо дар саҳро, 412 суҳбату вохӯрӣ бо усули хона ба хона гузаронида дар онҳо шумораи зиёди одамонро ҷалб намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg