ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша-чорабинии Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гурӯҳи таблиғотӣ бо интихобкунандагони деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ суҳбат намуданд.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроия Сайдалиев Гадоӣ қайд кард, ки дар давоми солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодӣ ба 7% баробар шуд, ки ин мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланд ба ҳисоб меравад.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст. Бо талошҳои созандаи Ҳукумат ва мардуми кишвар ду агрегати НБО-и Роғун ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ намуда, маҳдудияти интиқоли барқ дар фасли замистон бартараф гардид ва орзуи чандинсолаи халқи азизамон амалӣ гардид.