БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Даъвати сокинон ба корҳои созандагӣ баҳри рушду нумӯи Ватан

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар деҳаи Хучалонии ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак  бо иштироки гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ оид ба мулоқоти Пешвои милла бо аҳли ҷамоатчигӣ, самтҳои афзалияноки фаъолияти ҲХДТ, ғояҳои созандаи он, дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянда,  вохӯрӣ доир гардид. 

Дар вохурӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак Сабзалӣ Зоиров, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”   Ғафурзода Фирдавс суханронии Президенти мамлакат  дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, тарғиби тарзи ҳаёти солим  ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар охир шахсони масъул ба саволу дархостҳои истиқоматкунандагон ҷавобҳои қаноатбахшу саҳеҳ гардонида, онҳоро ба корҳои ободониву созандагӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg