БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо интихобкунандагони деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҲХДТ суҳбат намуданд.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроия Сайдалиев Гадоӣ қайд кард, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст.

Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти 7 соли оянда ( 2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди нерӯи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg