БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - ИФОДАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба шарҳи нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи поёни Ҷамоати деҳоти Фархор мулоқот баргузор намуданд.

Масъулин дар баромадашон иброз доштанд, дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шуғл тадбирҳои ҷиддӣ андешида, барои боз ҳам беҳтар гардонидани солимии ҷомеа ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзалият дода, амалӣ намудани ҳадафҳои  тақвият бахшидан ба фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ,  бо дарназардошти омилҳои демографӣ муайян намудани дурнамои бозори меҳнат, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳияву татбиқ намудани ҳуҷҷати консептуалӣ барои давраи дарозмуддат,  дастрас гардонидани хизматрасониҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дар ин самт ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва таҳияи барномаҳо барои онҳо, дастгирӣ кардан ва рушд додани соҳибкории хурду миёна дар шаҳру деҳот, таҳия намудани барномаҳои махсуси беҳтар гардонидани имкониятҳои шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳои дорои имконияти маҳдуд, васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд, дар ҳафт соли оянда зиёд кардани курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон, аз ҷумла такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва соҳиби касб намудани ҳар як шахси бешуғл,  бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ ташаккул додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтории соҳаи ҳунармандӣ, рушди инфрасохтори он, васеъ намудани дастрасии ҳунармандон ба таҳсилоти касбӣ, дар заминаи муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис додани ихтисосҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, банақшагирии захираҳои инсонӣ барои идораи давлатӣ, такмил додани низоми дурнамо ва механизми ҳифзи бозори меҳнат амали карда мешавад.

Дар идомаи суҳбати масъулин  дар масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба ҷамъомадагон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ тақсим карданд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg