ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди ноҳияи Фархор гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат ммасъулин бо иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар оянда ҳалли масъалаҳои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ - баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар, идома додани сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ, аз ҷумла дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Данғара-Гулистон, Кӯлоб-Муъминобод, Хуҷанд-Конибодом, Восеъ - Темурмалик - Кангурт, Гулистон-Кӯлоб, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон-Сари Хосор, Шкев-Қалъаи хумб, Қалъаи хумб-Ванҷ, қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон - Фархор - Панҷ - Дӯстӣ, Хуҷанд-Ашт ва дигар роҳҳои дохилиро зарур мешуморад.
Ҳамзамон, оид ба аҳамияти иштирок дар маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сардорони оилаҳо шаҳр доданд.