БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН СОЗАНДАГОНИ ВАТАНАНД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 -и Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар  ҳайати раиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Абдулманонов Сорбон  вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқоти хониши сиёсӣ  қайд карда шуд, ки ҳадафҳои стретегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Инчунин, дар мавзӯи Оиннома ва Барномаи  ТҶҶ «Созандагони Ватан»  ва пешгирӣ  аз вируси сирояти  коронавирус ва даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мулоқот  гузаронида шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Темурмалик  Абдулманонов Сорбон  низ ибрози сухан намуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg