ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), ободу зебогардонии маҳал, инчунин бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва намояндагони Ҷамоати шаҳрак дар маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Совет корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар мулоқот масъулин қайд намуданд, ки иштироки мо дар интихоботи Президенти кишвар ҳатмӣ буда, ба ин воситаи қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем, ҳамзамон нисбати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, захираи маводҳои ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ, ободу зебогардонии маҳал ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ барои адо намудани қарзи худ дар назди Ватан - Модар ибрози сухан карданд.
Дар анҷоми суҳбат ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, варақаи иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва огоҳиномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ободу зебогардонидани маҳал дастрас карда шуд.