БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), ободу зебогардонии маҳал, инчунин бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Кангурт” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар мулоқот масъулин қайд намуданд, ки иштироки мо дар интихоботи Президенти кишвар ҳатмӣ буда,  ба ин воситаи қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем, ҳамзамон нисбати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, пешгирии бемории сироятии коронавирус, захираи маводҳои ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ, ободу зебогардонии маҳал ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳӣ  барои адо намудани қарзи худ дар назди Ватан - Модар ибрози сухан намуданд.

Дар анҷоми суҳбат ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва варақаи иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg