ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо хонандагони синфҳои болоӣ ва нафароне, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд, доир гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроия дар бораи масъалаҳои марбут ба интихоботи дарпешистода, фаъолтар шудани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тунгдгаро берун аз ҳудуди мамлакат ва талоши онҳо баҳри барангехтани иғво дар миёни мардум ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфта, онҳоро ба ҳушёрии сиёсӣ, орому осуда нигоҳ доштани фазои ҷомеа ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ даъват намуданд.
Бо таассуф изҳор гардид, ки нафарони хиёнаткору манфиатҷӯ кам нестанд, ки ҳар хатогии кӯчакро бо муҳоботи зиёд расонаӣ мекунанд, ки боиси паст шудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мегардад. Аз ин рӯ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст иштироки фаъолона дар интихобот ва саҳм гузоштан дар шаффофияту озодии он мебошад.