Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
ВОКУНИШ. Дарде, ки ба узвҳои ин миллат ин разилон зери ниқоби «Исломи муқаддас» бо террору хунрезӣ, таркишу оташафрӯхтан, фиребу найранг овардаанд, дар воқеъ ягон узвҳоро қарор нагузошт. Хушбахтона, ба бахти баланди миллати тоҷик Худованд мардеро ато намуд, ки мардумро аз бадбахтӣ наҷот дода, шӯълаи умедро дар дили ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бедор намуд.
Дигар ҳеҷ ягон Паймон ва ташкилотҳои ба ақидаи онҳо (ғамхор) барои ин миллат ва ин давлат лозим нест, чун мо мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон як Паймони созандаву бунёдкор ва ғамхори миллат дорем, ки онро ном Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо миллати хушбахти Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон имрӯз ба Сарвар, Пешво ва раҳнамои худ бовар дорем, зеро паймонҳояш содиқона ва ҷовидона аст, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон шоистаи тамоми минбарҳо ва машъали тамоми маҳфилу маҷлисҳо ҳастем.
Дар яке аз ҳикматҳои юнонӣ омадааст, ки «Худоён ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре омади кор. Вале он касеро, ки ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки нукӯаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ӯ абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад».
Дар ҳақиқат бо хости Худованди корсоз ва бахти баланди миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.
Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз мо - сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.
Дар интиҳо гуфтаниям, ки ҳамакнун мо дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки натиҷаҳои мусбати он аз фаъолияти ҳар яки мо ҳизбиён вобастагии калон дорад.
Бояд гуфт, ки таблиғот рисолати аслии фаъолияти сиёсии ҳизбӣ ба ҳисоб рафта, обрӯву нуфузи ҳизб вобаста ба он аст, ки то кадом андоза ва дар чи шакл ҷомеаро барои анҷом додани амалҳои созандае, ки боиси пешрафти фарогири соҳаҳо ва рушди давлат мегардад, сафарбар карда метавонад.
Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Ёвон дар амри амалӣ гардидани ҳадафҳои наҷиби ҲХДТ дар маъракаи интихоботи Президентӣ саҳми босазо мегузоранд.
Саёҳат Абдуллозода, мувовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон