БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дил ба даст овар, ки ҳаҷи акбар аст, аз ҳазорон каъба як дил беҳтар аст

Н.ХУСРАВ.  Бахшида ба фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  ва моҳи шарифи Рамазон  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро   дар амал татбиқ намуда, ҷиҳати   дастгирии  оилаҳои  эҳтиёҷманд, маъюбону бепарасторон, шахсони яккаву танҳо  вобаста  ба  имкониятҳои  молиявӣ  ба  ду  оилаи  эҳтиёҷманду маъюб  аз  деҳаи  Олтинсойи ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  Рӯзибоева  Наташа  ва    Муминов  Қаюм аз  маҳаллаи  Баҳори  ҷамоати  деҳоти Фирӯзаи ноҳия  ба дидорбинӣ рафта, онҳоро бо Рӯзи ҷавонон ва моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи раҳмату мағфират ва хайру сахо аст, табрику муборакбод гуфта, кӯмаки яквақтаи молиявии худро расониданд.

Инқдоми  неки ҳизбиёни ноҳияи Носири Хусрав  бори аввал набуда, дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ пайваста  ба шахсони эҳтиёҷманду оилаҳои камбизоат, маъюбону бепарасторон, барҷомондагону  ятимон  бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир карда мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg