БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НАВБАТӢ СУДМАНД АНҶОМ ЁФТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар  маҳаллаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир карданд.

Масъулини ҳизбӣ зимни суҳбат иброз доштанд, ки интихоботи ошкоро, демократӣ, шаффоф, озод дар ҳошияи принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун баргузор намудани он василаи асосии амалигардонии соҳибихтиёрии халқ ва иродаи шаҳрвандон дар давлат ва ҷомеа мебошад. Масъулин дар идомаи суҳбат қайд намуданд, ки ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд. Дар идомаи суҳбат масъулин оид ба иштироки фаъолона доштан дар маъракаи муҳими сиёсӣ  аз ҷониби интихобкунандагон ва ба номзади арзандаи худ овоз додан суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg