ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Дарвоз” вохӯрӣ бо сокинони маҳалла доир гардид.
Дар вохӯрӣ тарғиботчиён доир ба даствардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳи миёни тоҷикон ва рушду инкишофи кишвар баромад намуданд.
Ҳамчунин, баромадчиён доир ба баргузории интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамагонро даъват карданд, ки санаи 11-уми октябри соли 2020 дар чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.