БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҶОМЕАРО БА РОҲИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ САФАРБАР МЕНАМОЯД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шаҳри Норак  бо мақсади тарғибу ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳр ва намояндаи гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони кӯчаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакии  минтақаи манзилии №1 вохӯрӣ   баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, собиқадорони меҳнату ҳизб ва дигар шахсони мутасаддӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал, Муслима Ғуриева аъзои гурӯҳи тарғиботӣ суханронӣ  намуда, қайд кард, ки номзади пешбаришуда аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон Эмомалӣ  Раҳмон воқеан ҳам арзандатарин номзад мебошад ва мо шаҳрвандоонро лозим аст, ки дар рӯзи интихобот иштироки фаъолона карда, ба номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg