БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шаҳри Норак  бо мақсади тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҲХДТ  Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндаи гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони кӯчаи  ба номи Мирзораҳим Исмоилови минтақаи манзилии №1 вохӯрӣ   баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, вакилони  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, собиқадорони меҳнату ҳизб ва ғайра иштирок ва суханронӣ  намуданд. Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода суханронӣ  намуда,  қайд кард, ки номзади пешбаришуда аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон Эмомалӣ Раҳмон арзандатарин номзад мебошад.  Инчунин, қайд гардид, ки  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои  ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои  муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори  иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ,  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg