НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шаҳри Норак бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мнасаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони кӯчаҳои ба номи Рӯдакии минтақаи манзилии №1 вохӯрӣ баргузор карданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.
Дар охир сокинони кӯчаҳои номбурда иброз доштанд, ки рӯзи интихобот даст болои қалб гузошта, ба номзади арзанаи ҲХДТ овоз медиҳанд.