БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ҲХДТ - БА СӮИ ОЯНДАИ БОЗ ҲАМ ДУРАХШОН

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Дуконии  шаҳри Норак ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон  бо иштироки аъзову ҷонибдорони ҳизб ва сокинони кӯчаҳои номбурда бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок ва суханронӣ  намуда,  иброз дошт, ки ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти аъзои ҷомеа кӯшиш мекунад.

Ҳамзамон, мавсуф  оид ба моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон  суханорнӣ  намуда, зикр кард, ки  Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар  кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои  ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои  муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ,  истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg