БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шифокорон” ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботии  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вохӯрӣ  доир карда шуд.   

Сараввал Фирдавс Ғафурзода, ба сухан баромада оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ  намуда,  қайд кард, ки Барномаи мазкур тамоми самтҳои фаъолияти ҳукумати кишварро дар бар гирифта барои ҳафт соли оянда ҷиҳати пешрафт ва ояндаи боз ҳам дурахшони кишвари азизамон пешбинӣ карда  шудаст.

Ҳамзамон, мавсуф  баҳри  дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда,  аз аъзои ташкилот даъват ба амл овард,  ки дар ин чорабинӣ  фаъолона иштирок намуда,  овози худро ба номзади арзандаи ҲХДТ диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg